logo logo logo

Клуби соҳибкорони ҷавон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ш. Душанбе,

  • 734001, кӯч. Деҳлавӣ 12/3

Мақсад ва вазифаҳои Клуб

Клуби соҳибкорони ҷавон бо хотири мусоидат намудан ба рушди ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Клуб дар расонидани кӯмак ба аъзоён дар ташкил ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ иштирок мекунанд. Илова бар ин фаъолияти Клуб дар ташаккули афкори умуми мусоид ва муносибат мусбат ба тиҷорати тоҷик ва соҳибкорӣ дар мамлакат ва хориҷи кишвар равона гардидааст.

Вазифаҳои асосии Клуб:

  • Густариши робитаҳои корӣ байни аъзоёни клуб, амалӣ намудани идеяҳои нави муштарак, ва нақшаҳои тиҷоратӣ;
  • Ташкили тартиби самараноки ҳамкорӣ байни соҳибкорӣ, бо давлат ва идораи мунисипалӣ;
  • Густариши робитаҳои байналмилалии аъзоёни клуб;
  • Ташкил намудани симои мусбии тиҷорати тоҷик;
  • Нигоҳ доштани меъёрҳои баланди ахлоқӣ дар соҳибкорї аз ҷониби аъзоёни клуб;
  • Мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон дар дохили кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ ба востаи ҷустуҷӯи робитаву алоқаҳои муфид, ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҷавон;
  • Мусоидат намудан дар ташкили вохуриҳо байни соҳибкорони ҷавон ва шахсони муваффақи соҳаи соҳибкорӣ, мутахассисони тиҷорат;
  • Барпо намудани муносибатҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ бо мақомоти давлатӣ, байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон;
  • Мусоидат намудан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои методӣ, ташкили омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани дониши соҳибкорон дар кишвар, таъсиси манбаи машваратӣ ва иттилоотӣ, инчунин ба воситаи гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ байни ҷавонон ва наврасон;
  • Ҷалби олимон, сиёсатмадорон, соҳибкорон ва дигар ходимони ҷамъиятӣ, бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию-ҳуқуқӣ, омода намудани санадҳои қонунгузорӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ ва иқтисод таъсир мерасонад;
  • Мусоидат дар таҳкими ҷомеаи соҳибкории кишвар;
  • Мусоидат дар рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • Кӯмак дар ба роҳ намудани алоқаҳо бо ҳамаи созмонҳо ва иттиҳодияҳои кор дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии манфиатҳои соҳибкорон;
  • Мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба воситаи фаъолияти муштараки мақомоти давлатии сармоягузорӣ, андозбандӣ, гумрук, стандартизатсия ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, бо мақсади мутобиқ гардонидани ҷолибияти фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ;
  • Машварат додан ба соҳибкорони ҷавон оид ба масъалаҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, грантҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ ватанӣ ва хориҷӣ ва ғайра;
  • Мусоидат дар таҳияи барномаҳои миллӣ ва маҳаллӣ барои кӯмак ва дастгирии соҳибкорони ҷавон тавассути рушди шахсӣ ва рушди тиҷорати ҳар як аъзои Клуб, аз ҳисоби муттаҳид гардидан ба ҷамъияти ҷавонони муваффақ, ҳадафманд, шахсони эҷодӣ, ки ҳадаф ва мақсадҳои ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёт гузоштаанд;
  • Мусоидат дар рушди соҳибкорї миёни ҷавонон дар дохили кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ;
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорони ҷавон ва ҳифзи манфиатҳои онҳо;
  • Мусоидат дар амалигардонии ҳуқуқҳои соҳибкорон ба имтиёзҳое, ки дар қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ, иҷора, идораи амвол, иҷозатномадиҳӣ, сиёсати андоз ва гумрук, ва ғайра пешбинӣ шудааст;
  • Назарсанҷӣ ва ташаккули манбаи иттилоотии рушди соҳибкорӣ;
  • Мусоидат намудан дар гирифтани қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мақсаднок, нақшаҳои тиҷоратӣ, ва гузаронидани таҳлили тиҷоратӣ;
  • Ба роҳ мондани муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҷавон бо мақомоти андоз, гумрук, стандартизатсия ва дигар сохторҳои дахлдор;
  • Таҳия намудани дастурҳои методӣ, ташкили омӯзиши асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани дониши соҳибкорон дар дохил ва хориҷи кишвар, таъсис намудани манбаи машваратию иттилоотӣ;
  • Омода намудан ва гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ байни ҷавонон ва наврасон;
  • Ҳимоя намудани ҳуқуқҳои соҳибкорони ҷавони ватанӣ ва хориҷӣ пешгирӣ поймолкунӣ ҳуқуқҳои онҳо;
  • Ҳифзи молу мулки соҳибкорони ҷавон аз мусодираи ғайриқонунӣ;
  • Мусоидат намудан дар таҳияи лоиҳаҳо барои гирифтани грантҳо, қарзҳои имтиёзнок ва сармоягузориҳои дигар;
  • Таъмини намудани намояндагии соҳибкорони ҷавон дар муассисаҳои иҷроия, судҳо, мақомоти ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо;
  • Тайёр намудани барномаҳои миллӣ ва минтақавии мушаххас барои кӯмак ва дастгирии соҳибкорони ҷавон;
  • Пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон;
  • Ҷалби соҳибкорони ҷавон ба аъзогии Клуб.