logo logo logo

Клуби соҳибкорони ҷавон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ш. Душанбе,

  • 734001, кӯч. Деҳлавӣ 12/3

Дар бораи Клуб

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №609 аз 28 декабри соли 2006, Корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бақайд гирифта шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Клуби соҳибкорони ҷавон” аз қабили ташкилотҳои ҷумҳуриявии махсусгардонидашуда мебошад, ки дар самти татбиқи соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон оид ба таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон фаъолият менамояд.

Ин - иттиҳоди ҷавонони бунёдкор, фаъол, қобилятнок, бомақсад, ва пешқадаму ҳамақида мебошанд.

Ҳадафи Клуб ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид миёни ширкатҳо ва соҳибкорон, тренерони тиҷорат, мутахассисон, устодон, ва сармоягузорон, ки омода ҳастанд идея, коркардҳо, ва алоқаҳои худро, бо дигарон ба ҳам дидан намоянд то, ки ҳамкориҳои шарикии муфид ташкил карда шавад, ва фазои соҳибкорӣ кулан беҳтар гардида дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ, ва дар сатҳи байналмилалӣ ва маҳаллӣ мусоидат намояд.

Клуби соҳибкорони ҷавон - ин имконияти дарёфти маълумоти босифат ва хизматрасонии соҳибкорӣ, тренингҳо, лексияҳо, семинарҳои сатҳҳои гуногун, ва инчунин робита намудан дар фазои ғайрирасмӣ ва бароҳат мебошад.

Ин иттиҳоди шахсони соҳибкор ҳамфикр ва ҳамманфиат, майдон барои муоширати самараноки соҳибкорӣ, истироҳати фарҳангӣ ва зеҳнӣ, ба вуҷуд омадани идеяҳо ва тавсеа намудани алоқаҳои соҳибкорӣ мебошад. Ин имконияти нодир аст, барои тақдим намудани худ ва ширкати шумо ба доираи соҳибкорони ҳам дохилӣ ва ҳам байналмиллӣ.

Дар доираи чорабиниҳои ҳармоҳа ба меҳмонон ва аъзоён имконияти шиносоӣ пайдо намудан бо шахсони ҷолиб, мубодила намудани маълумот ва хизматрасонӣ, мубодила намудани таҷрибаи амалӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами руз, ва саволҳои ҳалталаб, пайдо намудани шарикони нав ва муштариён, ва инчунин гузоштани таҳкурсӣ барои рушди соҳибкорӣ дар оянда.

Шиори мо – «Якҷоя ҳамчун механизми ягона!»